ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Тағйироти ҷадид дар оинномаи СААД муқаррар кардааст, ки аъзои созмон, аз ҷумла дар соҳаи амнияти биологӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Ислоҳоти мазкурро барои тасвиб раисҷумҳури Русия, Владимир Путин барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст.
Иловаҳо ҳамчунин имкони қатъи пеш аз мӯҳлати ваколатҳои дабири кулли ин иттиҳодияро бо қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД муқаррар мекунанд.
Қаблан дар раёсати СААД хабар дода буданд, ки дар доираи он як шӯрои ҳамоҳангсози амнияти биологӣ таъсис дода шуда истодааст, ки мушкилоти фаъолияти лабораторияҳои биологӣ дар як қатор кишварҳоро баррасӣ хоҳад кард.
Таъкид шуда буд, ки арзёбии коршиносонаи амнияти биологӣ дар чаҳорчӯби СААД муҳим аст, зеро бархе аз кишварҳо "дар ин замина хатареро мебинанд".
Ҳамчунин қаблан роҳбарони парлумонҳои кишварҳои узви СААД изҳорот дар мавриди роҳ надодан ба таҳияи силоҳи биологию заҳрдорро қабул намуданд.
Бар асоси изҳороти қабулшуда, масъулини парлумонҳо ба риояи қатъии Конвенсияи Женева дар мавриди мамнуъ будани истифодаи газҳои буғикунандаю заҳрдор ва васоили бактериологӣ аз соли 1925-ро таъкид намуда, зарур хондаанд, ки ҳар гуна шарту қайд дар ин маврид лағв гардад.
Мо ҷонибдори худро аз ҷаҳони бидуни силоҳи биологӣ изҳор менамоем ва кишварҳои узви СААД дар ҳамоҳангӣ барои татбиқи бечунучарои Конвенсия дар фазои созмон ва таҳкими заминаи қонунгузорӣ дар ин бахш нерӯҳои худро муштаракан равона мекунанд, изҳор доштанд қонунгузорҳо.