ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон дар мавриди ҳамкорӣ дар ҷилавгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Русия хабар додааст.
Ин ниҳоди давлатии Русия шарҳ додааст, ки созишномаи байниҳукуматӣ, ахиран аз ҷониби роҳбарони вазоратҳои тандурустӣ Михаил Мурашко ва Ҷамолиддин Абдуллозода ба имзо расид.
Вазири тандурустии Русия бовар дорад, ки имзои созишномаи мазкур заминаи зарурии ҳуқуқиро барои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ фароҳам мекунад ва ба робитаҳои ташкилотҳои тиббӣ, муассаҳои таълимӣ ва илмии ду кишвар такони тоза мебахшад.
"Дар рафти гуфтушунид мо ба хулосае омадем, ки самтҳои ояндадор ва ҷолибтарин барои ҳамкорӣ маҳсулоти тиббӣ ва омӯзишу парваариши тиббӣ мебошанд", - гуфт Мурашко.
Вай афзуд, Маскав барои кори фаъол ва табодули таҷриба дар заминаи трансплантология, саратоншиносӣ, рақамисозӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн омода аст.
"Мо омодаем ҳамкориҳои зичро дар тамоми бахшҳои муҳими соҳаи тандурустӣ роҳандозӣ намоем", - хулоса кард вазири тандурустии Русия.