ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Русия теъдоди квотаҳоро дар макотиби олӣ барои донишҷӯён аз Тоҷикистон афзоиш медиҳад.
Дар ин бора нахуствазири Русия, Михаил Мишустин дар пайи музокирот дар Душанбе иттилоъ дод.
"Соли хониши ҷорӣ бо афзоиши квота барои довталабони тоҷик оғоз шуд. Соли оянда мо барои шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 900 ҷой ҷудо кардем", - гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки дар соли равон теъдоди квотаҳо барои таҳсили тоҷикистониҳо дар макотиби олии Русия ҳудуди 750 ададро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Мишустин, феълан метавон гуфт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ бомуваффақият рушд мекунанд.
Дар робита ба ин, ӯ аз тасмими баргузории Рӯзҳои синамо ва Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар соли 2023 хабар дод.
Мишустин инчунин аз ифтитоҳи 5 мактаби русӣ дар ҷумҳурӣ зикр намуд, ки 1-уми сентябри соли 2022 бо иштироки президентҳои ҳарду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карданд.
Вай афзуд, ҳоло дар кишвар 39 мактаб бо забони русӣ таҳсил мекунад, ки дар онҳо ҳудуди 27 ҳазор нафар таҳсил мекунанд ва ҳамчунин беш аз 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ бо ҳудуди 70 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.