Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо

Решетников: Тоҷикистон бозорӣ ояндадори сайёҳӣ аст

Дар робита ба ин, вазири рушди иқтисодии Русия дар бораи таваҷҷуҳи назарраси соҳибкорони Русия ба ин соҳа изҳори назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Гардишгарони русро ба Тоҷикистон мавзеъҳои экстремалӣ ба монанди кӯҳнавардӣ ҷалб мекунад ва ин соҳа зери таваҷҷуҳи сармоягузорони рус низ қарор дорад.
Дар ин бора вазири рушди иқтисод Максим Решетников дар мусоҳиба бо хабарнигорон пас аз имзои харитаи роҳ дар бораи рушди сайёҳӣ бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Камолиддин Мӯъминзо изҳори назар кард.
"Мо дарк мекунем, ки Тоҷикистон чӣ кишвар аст. Пеш аз ҳама, ин сайёҳии экстремалӣ аст. Таваҷҷуҳи зиёд дорад, русҳо маҳз ба ҳимин хотир меоянд. Ин кӯҳнавардҳо, одамони экстремал ва ғайра ҳастанд. Мо бояд барои ин заминаи қонунӣ эҷод кунем, зеро барои ворид шудан ба ВМКБ имрӯз иҷозат лозим аст. Мо бояд кори муътадили мутақобиларо ба роҳ монем", - гуфт у.
Ба гуфтаи ӯ, туризми табиии ҷумҳурӣ низ ҷузъи қавӣ дорад, аз ин рӯ, дар ҷараёни сафар рӯзҳои 2-3 март ба ҳайати Русия бисёр ширкатҳои туроператорӣ шомил шуданд.
Русия квотаи таҳсил барои тоҷикистониҳоро зиёд мекунад
Решетников таъкид кард, ки зарфияти Тоҷикистон сармоягузорони русро низ ба ин кишвар ҷалб мекунад.
“Сармоягузорони рус ба бозори Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, новобаста аз он ки дар ҳоли ҳозир бештари сармоягузорони рус имрӯзҳо ба бозори дохилӣ рӯ овардаанд”, гуфт вазири рус.
Вай илова кард, ки барои мо ҳоло хеле муҳим он аст, ки сармоягузорон вориди бозор шаванд, зеро бозор муддати тӯлонӣ холӣ буда нметавонад.