ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин ҷонибдорияшро аз афзоиши сармоягузориҳо дар иқтисоди Тоҷикистон баён дошт.
Ӯ ин нуктаро зимни мулоқот бо раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ таъкид кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии сармоягузории ширкатҳои русиро дар иқтисоди Тоҷикистон метавон афзоиш дод.
"Ҳаҷми умумии сармоягузории дохилии ширкатҳои русӣ ва сармоягузории хусусӣ дар Тоҷикистон 1,6 млрд долларро ташкил медиҳад. Ин зиёд аст ё кам? Кам", - таъкид нуамуд Мушистин.
Сарвазири Русия бар ин назар аст, ки ин ҳаҷми маблағгузориро зиёд кардан мумкин аст.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи дуюми сафари кории Мишустин дар пойтахти Тоҷикистон идома дорад.
Интизор меравад, ки Мишустин бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, саноат, нақлиёт ва бахшҳои фарҳангиву гуманитариро баррасӣ мекунад.
Суҳбат ҳам дар доираи маҳдуд ва ҳам дар доираи васеъ сурат хоҳад гирифт, таъкид кардаст манбаъ.