ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар пойтахти Точикистон намояндагони вилояти Олтой талош хоҳанд кард бо ҷумҳурӣ ҳамкории иқтисодиро ба роҳ монанд.
Ҳайати ин вилоятии Русия дар конфронси ҳамкориҳои байналмилалии Русия ва Тоҷикистон фаъолона ширкат доранд, хабар додааст мақомоти ин вилоят.
Ҳайати вакилони як минтақаи бузурги Русияро муовини раиси ҳукумати вилоят Игор Степаненко раҳбарӣ мекунад.
Ба ҳайати намояндагони Олтой инчунин иҷрокунндаи вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ин вилояти Русия Ирина Лазаренко, муовини ректор дар умури рушд ва робитаҳои байналмилалӣ Евгений Кайгородов дохил шудаанд.
Инчунин мудири техникуми индустриалию иктисодии Олтой Роман Шабанов ва директори ширкати тиҷории “ТЗС-Сибир” шомил мебошанд.
Тибқи барнома, иштирокдорон на танҳо дар ҷаласаҳои панелии саноатӣ, балки дар мулоқотҳо бо шарикони тоҷик ширкат хоҳанд кард.
Илова бар ин, музокирот бо раҳбарони Вазорати кишоварзӣ ва Оҷонси содироти Тоҷикистон дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки ин чорабинӣ ба манзури тавсеаи ҳамкориҳои миёни кишварҳо дар чаҳорчӯби сафари нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар Душанбе баргузор мешавад.
Вай дар ҷаласаи планерӣ ҳамроҳ бо сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар иштирок хоҳад кард.