ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Анқара аз таҳримҳои якҷониба алайҳи ҳеҷ кишваре, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия ҳимоят намекунад.
Дар ин бора Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия изҳор доштааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Форс".
Чавушоғлу қабл аз мулоқот бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар Деҳлии Нав дар посух ба ин суол, ки Анқара то куҷо метавонад ба эъмоли таҳримҳои зидди Русия муқовимат кунад, гуфт: "Анқара аз таҳримҳои якҷониба алайҳи кишварҳо пуштибонӣ намекунад ва дар ин замина таслими фишорҳои беруна намешавад.
"Мо ниёз ба муқовимат [дар баробари аъмоли таҳримот алайҳи Русия] надорем. Мо ба ҳеҷ гуна таҳримҳои якҷониба ҳамроҳ нестем ва танҳо аз таҳримҳое, ки бо ҳимояти Созмони Милал ҷорӣ мешаванд, ҷонибдорӣ мекунем", - гуфт ӯ.
Вай дар идома афзуд, ки сухан танҳо дар бораи Русия нест, мо аз таҳримҳои зидди Эрон ё ягон кишвари дигар низ ҷонибдорӣ намекунем.
Мо худамон тасмим мегирем ва касе наметавонад бар мо фишор оварад.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 25 апрел дар бораи бастаи даҳуми таҳримҳои зидди Русия изҳорот нашр кард.
Дар баёнияи Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо гуфта шудааст, ки Иттиҳодия маҳдудиятҳои содироту воридот ва манъи расонаҳои хабариро дар бастаи даҳуми таҳримҳои зидди Русия шомил кардааст.