ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, дар ҳошияи конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд гуфт, ду кишвар бояд самтҳои нави сармоягузориро пайдо намоянд.
“Мо бояд самтҳои нави сармоягузорӣ ва тиҷоратиро инкишоф дода, ҳамкориҳои таърихиро барқарор намоем ва занҷирҳои саноатӣ эҷод кунем", - гуфт Расулзода.
Вай хостори таъсиси як бунёди сармоягузории Русияву Тоҷикистонро шуд, чунки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба таври комил аз роҳандозӣ нашудаанд.
Расулзода аз соҳибкорони рус даъват кард, ки аз шароити фароҳам овардашуда истифода намуда, дар ҳама соҳаҳо ҳамкорӣ кунанд.
Ӯ ҳамчунин хулоса кард, ки ин чорабинии муштарак аз хоҳиши дарёфти нуктаҳои умумии рушд ва рушди устувории шарикии стратегӣ шаҳодат медиҳад.
"Вақт нишон дод, ки равобити Тоҷикистону Русия ба вазъи беруна вобаста нест ва бар пояи “конъюнктура” бунёд нашудааст."