ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи тағйироти кадрӣ дар бахшҳои саноат ва иқтисод якбора чанд санадро имзо кард.
Дар ин бора давтари матбуотии президенти кишвар гузориш медиҳад.
Ҳамин тавр, тибқи фармони сарвари давлат, 2 марти соли 2023 муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Умед Солеҳзода аз мақомаш маҳрум шуд.
Ба ин мақом аллакай фарди нав таъйин шуд. Ҳамакнун ба ҷойи Солеҳзода муовини вазир Бахтиёр Сафарзода омад.
Бо амри Эмомалӣ Раҳмон Қурбонзода Исоҷон Ятим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон шуд.
Ин мақомро ҳамакнун Қурбонзода Суҳайлӣ Кароматулло раҳбарӣ мекунад.
Ҳамчунин Раҳмон Назар Азиз Савзалиро ба вазифаи муовини вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар гузоштааст.
Илова бар ин, тағйироти кадрӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон низ таъсир гузоштааст. Ҳукумат Аҳлиддин Нуриддинзодаро муовини нави вазир таъин кард.