ДУШАНБЕ, 2 март — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамла ба вилояти Брянски Русияро ҳамчун як ҳамлаи террористӣ арзёбӣ кард.
Кишвардори Русия дар маросими ифтитоҳи Соли омӯзгор ва мураббӣ ҳодисаҳои дар минтақа рухдодаро "як амали террористӣ, ҷинояти дигар" аз сӯйи неруҳои Украина номид.
"Онҳо диданд, ки ин як мошини ғайринизомӣ аст, диданд, ки дар он ҷо ғайринизомиён ва кӯдакон ҳастанд, аммо на ба “Нива”-и оддӣ, оташ кушоданд", - гуфт Путин.
Ёдовар мешавем, ки нерӯҳои иктишофи ва тахрибкори украинӣ вориди деҳаи Любечан шуданд. Онҳо ба сӯи мошинҳои мардуми осоишта оташ кушоданд, як сокини маҳаллӣ кушта ва як кӯдаки дигар захмӣ шуд.
Дар ҳамин маҳалла чанд нафарро дар як мағозаи маҳаллӣ низ гаравгон гирифтанд.
Ба гуфтаи губернатори вилоят Александр Богомаз, нерӯҳои амниятӣ барои нобуд кардани нерӯҳои украинӣ тамоми чораҳои заруриро анҷом медиҳанд.
Дар деҳаи ҳамсояи Сушанӣ, ки дар ноҳияи Климовск воқеъ аст, бар асари таркиши хумпора аз паҳпод як бинои истиқоматӣ оташ гирифт. Дар ҷойи ҳодиса муфаттишон ва хадамоти фаврӣ қарор доранд.