ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нерӯҳои амниятии Русия ба нобудсозии миллатгароёни украинӣ, ки ба вилояти Брянски Русия ворид шудаанд, оғоз, карданд, иттилоъ додааст манбаъ аз ФСБ-и Русия.
"Дар марзи ноҳияи Климовски вилояти Брянск, ФСБ-и Русия ва нерӯҳои вобастаи Вазорати дифои Русия барои нобуд кардани миллатгароёни мусаллаҳи украинӣ, ки сарҳади давлатиро нақз кардаанд, чораҳо меандешанд", — омадааст дар хабар.
Дар ҳоли ҳозир, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар саросари Сушан дар вилояти Брянск амалиётро анҷом медиҳад..
Бояд гуфт, ки нерӯҳои иктишофӣ ва тахрибкори украинӣ ба деҳаи Лубечан ворид шуданд. Онҳо дар ин деҳа ба сӯи худрав оташ кушаданд ва як сокини маҳаллиро куштанду як кӯдакро захмӣ намуданд.
Дар ҳамин деҳа нерӯҳои украинӣ дар як мағоза чанд нафарро гаравгон гирифтанд.
Ба гуфтаи губернатор Александр Богомаз, нерӯҳои амниятӣ барои нест кардани ин нерӯҳои тахрибкори украинӣ тамоми чораҳоро андешидаанд.
Ба гуфтаи ӯ, рустои Ломаковкаи ноҳияи Стародуб низ бо хумпораандоз зери оташ қарор гирифтааст.
"Дар натиҷа тирандозӣ касе осеб надидааст, ду хонавода хисорот дидаанд",-гуфт губернатор дар Telegram канали худ.
Хадамоти фаврӣ дар ҷойи ҳодиса ҷойгир аст. Ҳама ҳодисаҳои рухдода таҳқиқ мешавад.