ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои изтирории кишвар мегӯяд, эҳтимоли фаромадани тарма дар Тоҷикистон хеле зиёд боқӣ мемонад.
КҲФ такроран ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва бахусус ронандагон мерасонад, ки дар қитъаҳои роҳ чанд рӯз офати табиӣ вуҷуд дорад.
Барои бехатарии ронандагон дар қитъаҳои кӯҳии роҳҳо дастаҳои наҷотдиҳии воҳидҳои зудамал мунтазам навбатдорӣ мекунанд.
Онҳо омодаанд, ки дар ҳолатҳои фавқулодда кӯмаки фаврӣ расонанд.
То ин вақт дар самтҳои Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб резиши тарма, фаромадани сел ва сангрезӣ боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, дар ҷумҳурӣ бар асари сардии ҳаво ва боридани барф хатари рух додани ҳолатҳои фавқулодда зиёд шудааст.
КҲФ хотиррасон мекунад, ки ҷойҳои махсусан хатарнок ағбаҳои кӯҳӣ ва роҳҳое мебошанд, ки минтақаҳои тармафароӣ доранд.
Сокинони деҳаҳо низ бояд аз рафтан ба ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво, ба шикор ва моҳидорӣ даст кашанд. Дар ҳолати фавқулодда ба рақами 112 занг занед.