ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Коршиносони кишварҳои ИДМ лоиҳаи ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаи тиббии муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳоро ба мувофиқа расониданд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии кумитаи иҷроияи иттиҳод, ин санад тибқи тартиби муқарраршуда барои баррасӣ ба Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви иттиҳод пешниҳод мешавад.
Масъалаҳои расонидани ёрии тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар чаҳорчӯби платформаи ИДМ бо шартномаҳои байналмилалӣ танзим карда мешаванд ва охирин танҳо ба мушкилоти ёрии таъҷилӣ дахл дорад.
Гуфта мешавад, ки муҳоҷирони корӣ, ба хусус коргарони беихтисос, аксаран бо ҳимояи маҳдуди иҷтимоӣ, бидуни дастрасӣ ба хидматрасонии тиббӣ ва дигар хидматҳо кор мекунанд.
Ин вазъият кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро водор сохт, ки лоиҳаи ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаро таҳия кунанд.