ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Муносиботи Теҳрону Маскав дар марҳилаи тилоӣ қарор доранд, изҳор дошт сафири Эрон дар Русия, Козим Ҷалолӣ.
Сафири эронӣ дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Парламентская газета", таъкид намуд, ки муносиботи Теҳрону Маскав дар ҳамаи бахшҳо ба таври мунтазам таҳким ёфта истодаанд.
Дипломат инчунин хабар дод, ки вазири умури хориҷаи Эрон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ба наздикӣ аз пойтахти Русия боздид хоҳад кард.
"Худо хоҳад, ин сафар ба Маскав дар моҳи март баргузор хоҳад шуд", - гуфт ӯ.
Қаблан намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои дуҷониба бо Эрон дар ҳоли таҳким қарор доранд.
Вай қайд кард, ки ду тараф бидуни назар ба андешаи ғарбиҳо ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба машғуланд, ки ба манфиати ҳарду ҷониб мебошанд.
Зикр гардид, ки гардиши коло миёни Русия ва Эрон дар давоми соли гузашта ҳудуди 20% афзоиш ёфта, ба ҳадди 5 млрд доллар баробар гардидааст.
Ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳои калидӣ ба манфиатҳои аҳолии Русия ва Эрон мувофиқ аст, вай хулоса кард.