СПАД мавзуи истеҳсоли муштараки аслиҳаро баррасӣ дорад

Раҳбари Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз зарурати таҳия ва тавлиди муштараки аслиҳа ва техникаи низомӣ эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дабири кулли СПАД Имангалӣ Тасмагамбетов аз зарурати роҳандозии ҳамкориҳо миёни корхонаҳои саноатии низомии кишварҳои узви ин созмон таъкид кард.
Вай дар ин бора дар мулоқот бо муовини нахуствазир - раиси вазорати саноат ва савдои Русия Денис Мантуров изҳори назар кард.
"Дар мавриди ташаккули ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни корхонаҳои низомӣ-саноии кишварҳои узви СПАД барои таҳия ва тавлиди муштараки аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ тадбирҳои амалӣ андешидан лозим аст", - гуфтааст дабири кулли СПАД.
Таъсиси марказҳои хидматрасонӣ барои нигоҳдорӣ ва таъмири силоҳ пешбинӣ шудааст.
Размоиши кишварҳои узви СПАД барои амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ
Ба ин тартиб, ба гуфтаи дабири кулли СПАД, вазъи кунунии ҷаҳон зарурати муттаҳид кардани зарфиятҳои ин корхонаҳоро нишон медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуда буд, ки кишварҳои СПАД тамринҳои “Скала-2023” барои амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ баргузор мекунанд. Машқҳои воҳидҳои наҷотбахши кишварҳои узв моҳи сентябри соли 2023 дар Беларус баргузор мешаванд.