Озарбойҷон бунёди осмонбӯсҳоро баъди заминларза манъ карданист

Дар Озарбойҷон бо таъкид ба он, ки кишвар дар минтақаи зилзилахез қарор дорад, масъалаи мамнуъ кардани бунёди бисёрошёнаҳоро ба миён гузоштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Пас аз заминҷунбии маргбор дар Туркия, Озарбойҷон сохтмони биноҳои истиқоматии аз 9 ошёна болоро манъ мекунад.
Расонаҳои озарӣ аз қавли вакили парлумонашон, Воҳид Аҳмадов изҳор доштаанд, ки нақшаи дасткашӣ аз бунёди бисёрошиёнаҳо дар ҳукумат қарор дорад.
Ӯ афзудааст, ки то ҷое маълумот дорад, нақшаи қатъи сохтмони манзилҳои баландошёна аллакай таҳия шудааст.
Муҳокимаҳо дар бораи хатари бунёди биноҳои истиқоматии аз 9 ошёна боло бар асари эҳтимоли сар задани заминҷунбии шадид дар Озарбойҷон муддати тӯлонӣ идома доранд.
Дар Туркия 188 лоиҳакашу пудратчиро боздошт карданд
Ин масъала дар ҳоле ба миён гузошта шудаст, ки заминҷунбии 6 феврал дар Туркия беш аз 45 ҳазор кушта бар ҷой гузошт.
Дар пайи ин офати харобиовар дар Тоҷикистон низ Комиссияи махсус ташкил гардид, ки тобоварии биноҳои баландошёна ба зилзила дар 3 шаҳри бузурги кишвар – Душанбе, Хуҷанд ва Бохтарро месанҷад.
Дар ин комиссия аз раёсати Кумита, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон, Институти геология ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо, Пажуҳишгоҳи илмӣ-татқиқотии сохтмон ва меъморӣ, корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” ва дигар мутахассисон узвият доранд.