ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон аз меъёри иқлимӣ то 1-2 дараҷа баландтар пешгӯӣ мегардад.
Дар ин бора Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ дода, афзуд, ки дар маҷмуъ ҳарорати миёна дар водиҳо то 14 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 9 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.
Дар зимн зуҳуроти хоси баҳор истисно намешаванд. Аз ҷумла дар бархе рузҳо борон, раъду барқ, боридани жола, тормеғу шамол низ дар назар аст.
Дар Душанбе ҳаво тағйирёбанда дар назар буда, ҳарорати ҳаво баъзан то 24 дараҷа, дар Хатлон то 29 дараҷа, Суғд то 23 дараҷа ва навоҳии тобеи марказ то 14 гармӣ пешгӯӣ мегардад.
Танҳо дар бархе аз навоҳии ВМКБ боришоти аз меъёр бештар дар назар мебошад.
Пешгӯии гармии аз меъёр боло дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан раёсати "Барқи тоҷик" гуфт, бо гармшавии ҳаво маҳдудияти таъмини нерӯи барқ лағв мегардад.
Таъкид шуд, ки маҳудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон замоне бартараф мешавад, ки ҳаҷми об дар дарё барои тавлиди ҳаҷми нерӯи барқ, ки талаботро қонеъ кунад, боло равад.
Раиси ширкати "Барқи тоҷик", Муҳаммадумар Асозода, таъкид кард, ки сатҳи истифодаи захираҳои об дар рӯзҳои сардии моҳи январ якбора афзоиш ёфта буд ва феълан зарур аст, ки он ҷуброн карда шавад.