Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ҳушдори Маскав аз иғвои Киев бо моддаи радиоактивӣ

Вазорати корҳои хориҷии Русия аз маълумот дар бораи таҳвили моддаҳои радиоактивӣ ба бандарҳое нигаронӣ кард, ки дар "созиши ҳамлу нақли ғалла" иштирок мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Иғвогариҳо бо моддаҳои радиоактивӣ метавонанд бо ташаннуҷи низоъ дар Украина анҷомад, ҳушдор дод Вазорари умури хориҷии Русия.
Шарҳи намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Заҳороваро дар ин бора, хадамоти матбуоти ин ниҳод нашр кардааст.
Ба гуфтаи Захарова, моҳи феврал, контейнерҳо бо моддаҳои радиоактивӣ ба бандарҳои Одесса ворид карда шуданд.
Сарчашмаҳои маҳаллӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки сухан метавонад дар бораи ҷузъҳое равад, ки барои муҷаҳҳаз кардани лавозимоти ҷангӣ ё "бомбаи ифлос" истифода шавад.
"Низоми Зеленский барои гирифтани кумаки низомӣ ва молиявии Ғарб омода аст, ҳар баҳонаро барои ташаннуҷ истифода барад. Барояшон фарқ надорад, ки ин иқдом оқибатҳои фалокатбор ва марги оммавӣ оварда мерасонад", - гуфт Захарова.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пушилин: Украина ба майдони озмоиши сенарияҳои хунини НАТО табдил ёфтааст
Ҳамзамон, иштироки бандарҳое, ки дар созиши ғалла истифода мешаванд, дар ин моҷароҳо, истифодаи долони гуманитарӣ барои мақсадҳои низомӣ арзёбӣ гардид.
"Наметавонад, ки мояи нигаронӣ набошад, зеро чунин ҳодисаҳо дар наздикии Приднестрове рух медиҳад, ки дар атрофи он Киев талош дорад, вазъиятро шиддат бахшад", - гуфт намояндаи расмии ВУХ.
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия аз созмонҳои байналмилалӣ даъват кард, ки ба ин маълумот диққати қатъӣ дода, Киев ва "сарпарастони ғарбӣ"-яшонро аз иқдоме боздоранд, ки метавонад боиси марги ҳазорҳо сокини мулкӣ шавад.