ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд маросими расмии супоридани детекторҳои махсус барои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ баргузор шуд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ ҳадаф аз насби чунин детекторҳои махсус муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ тавассути сарҳадҳои Тоҷикистон мебошад.
Манбаъ қайд кардааст, ки насби чунин таҷҳизот дар фурудгоҳ иқдоми навбатии Тоҷикистон дар мубориза бо ҳама гуна силоҳи қатли ом, пешгирӣ ва гардиши ғайриқонунии он мебошад.
Солҳои охир чунин детекторҳои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ дар гузаргоҳҳои гумрукии "Дӯстӣ" , "Панҷи поён", "Фотеҳобод", "Гулистон", "Саразм" ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе насб шудаанд.
Дар доираи амалинамоии Қатъномаи 1540 насби чунин детекторҳо дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Кӯлоб ва Бохтар пешбинӣ шудааст.
Дар доираи лоиҳаи мазкур таъмини таҷҳизоти дастӣ ва омӯзиши кормандони Хадамоти гумрук бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ пешбинӣ гардидааст.