Тоҷикистон воридоти орду гандумро коҳиш додааст

Хаҷми хариди гандум 18%, орд 24,7% кам шуд. То ин дам қариб 90% талаботи дохилӣ аз ҳисоби маҳсулоти дохилӣ қонеъ гардонда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Тоҷикистон аз оғози соли 2023 воридоти орд ва гандумро коҳиш дод, гузориш медиҳад хабаргузории “Авеста” бо такя ба маълумоти Хадамоти гумруки кишвар.
Ҳамин тариқ, дар моҳи январ нишондиҳандаи воридоти орд нисбат ба аввали соли 2022 24,7% коҳиш ёфтааст.
Аз аввали сол ҷумҳурӣ зиёда аз 2,7 ҳазор тонна орд ворид кардааст. Ҳаҷми воридоти ин маҳсулот 865 ҳазор долларро ташкил додааст.
Русия мехоҳад содироти орд ва ғалларо ба бозори Тоҷикистон афзоиш диҳад
Дар ин давра ҳаҷми воридоти гандум дар муқоиса бо арқоми соли гузашта низ 18% коҳиш ёфтааст.
Дар моҳи январи соли 2023 ба кишвар ҳудуди 66,2 ҳазор тонна гандум ба маблағи 20,6 миллион доллар ворид шудааст.
Қобили зикр аст, ки Қазоқистон ҳамчунон таъминкунандаи аслии орд ва гандум ба бозори Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи бахшҳои марбута, то ин замон ҳудуди 90 дарсади ниёзи дохилии Тоҷикистон ба орд аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ бароварда мешавад.