Путин: Ғарб ҳаргиз дар бораи бакоргирӣ аз ифротгароён сахтгир набудааст

Раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки кишварҳои Ғарб ҳамеша аз ончи, ки дар дасташон аст дар баробари Русия ба кор гирифта аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Ғарб ҳаргиз дар бораи бакоргирӣ аз ифротгароён ба нафъи худ сахтгир набудааст, балки ҳамвора аз ончи дар даст дорад дар баробари Русияи ба кор гирифтааст, гуфт раисҷумҳури Русия Владимир Путин.
Путин дар ҳайат тавсеаёфтаи Хадамоти амнияти федеролии Русия гуфт, мо медонем ки онҳо ҳаргиз аз бакоргирӣ аз ифротгароён ва тундгароҳо дар ҷиҳати манофеи худ безорӣ намеҷуянд, алорағми ҳамае суханони пур сару садо дар бораи мубориза бо тероризми байниалмилалӣ.
“Онҳо ҳамеша аз он чизе, ки дар дасташон ҳаст, онче, ки мумкин аст ҳамеша дар баробари мо ба кор мегиранд. Ҳамеша ҳамин тавр аст, буд ва алъон ҳам ҳамин тавр аст", - гуфт Владимир Путин.
Вай хотирнишон кард, ки муқобила бо таҳдиди террористӣ ҳамчунон як кор фаврӣ аст.
Баррасии мубориза бо терроризм миёни Тоҷикистон ва Туркия
Раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки тайи соли гузашта теъдоди ин ҷиноёт афзоиш ёфтааст,ин низ ба далели талоши режими Киев барои истифода аз равишҳои террористӣ аст.
"Мубориза бо ифротгароӣ ба ҳамон андоза зарурӣ аст, ки ба таври фаъол теъдоди ин ҷиноёт низ дар соли гузашта афзоиш ёфтааст", гуфт кишвардори Русия.