ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Аввали моҳи март дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз мегардад, иттилоъ додааст Маркази миллии тестӣ.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар 44 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 49 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 15 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки имсол хонандагоне, ки соли таваллудашон 2005 мебошад, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро хатм менамоянд.
Ҳамчунин Маркази миллии тестии Тоҷикистон бо мақсади осон кардани кори довталабон барои интихоби ихтисосҳо, ки рӯйхати онҳо бояд ба нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад, барномаи "Интихоби ихтисос" таҳия кардааст.
Барномаи мазкур, ки яке аз навгониҳо дар соли рвон мебошад, дар ду гуна: мобилӣ –дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) ва компютерӣ – барои истифода дар компютерҳо омода гардидааст.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки агар довталаб чунин имкон надошта бошад, ба нуқтаи бақайдгирӣ шакли дастнависи онро метавонад пешниҳод кунад.