ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ахиран дар вилояти Хатлон нишасти маҷозии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид, ки дар чанд масъалаи муҳим баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
Давлаталӣ Саид бо мақомдорони вилоят иҷроиши нақшаи андоз, вусъат бахшидани корҳои омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва сарсабзу хуррамгардонии табиати атроф дар муҳлати бунёдшавандаро баррасӣ кард.
Ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон дар ин ҷаласа, афзоиш додани корҳои сохтмонӣ ва иншооти гуногуни бунёдшаванда, таъсиси ҷойҳои кории холӣ, фаъолияти дурусти коргоҳу корхонаҳо, омода ва сафарбарсозии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва як қатор масъалаҳои дигари рӯз мавриди баррасӣ ва вазифагузорӣ қарор гирифт.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласаи маҷози Давлаталӣ Саид ба раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои дар пешистода чораҳои мушаххас андешанд.
“Санаҳои таърихӣ, ҷашнвораҳоро дар сатҳи баланди ташкилӣ бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ истиқбол намоед”, - гуфт ӯ.