Аз Тоҷикистон киҳо ба "Tashkent Grand Slam" мераванд?

Дар пойтахти Ӯзбекистон дар аввали март наздики 400 ҷудкор аз 52 кишвари ҷаҳон дар 14 вазн миёни мардону занон зӯрозмоӣ хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тоҷикистонро дар "Tashkent Grand Slam 2023", 13 нафар ҷудокор намояндагӣ мекунад, иттилоъ дод телевизиони "Варзиш".
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур рӯзҳои 3-5 март дар пойтахати Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Интизор меравад, ки варзишкорӣ аз рӯи 14 вазн, аз ҷумла 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон зӯрозмоӣ намоянд.
Зикр гардид, ки дар Тошканд ҳудуди 400 ҷудокор аз 52 кишвари ҷаҳон ҷамъ хоҳанд омад. Аммо шумораи иштирокдорон метавонад тағйир ёбад, чун ҳоло дархостҳо барои иштирок дар мусобиқаи мазкур идома дорад.
Президент барои варзишгарон ним миллион сомонӣ ҷудо кард
Тоҷикистон дар ин сабқат миёни мардон 11 нафар ва миёни занон 2 нафар намояндагӣ хоҳанд кард.
Аз ҷумла дар вазни то 60 кг - Муҳаммадсолеҳ Қуватов, дар вазни то 66 кг - Нуралии Эмомалӣ, то 66 кг - Шаҳбоз Саидабуроров, то 73 кг - Беҳрӯз Хоҷазода ва Маҳмадшариф Наҷмиддинов, дар вазни то 81 кг - Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 81 кг Муҳаммадҷон Абдуҷалилов зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Дар вазни то 90 кг - Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 100 кг - Иброҳим Элмуродов ва дар вазни беш аз 100 кило Темур Раҳимов сабқат хоҳад намуд.
Ҳамчунин ду бонуи тоҷик - Шукрона Карчиева дар вазни то 48 кило ва Шоҳида Қаландаров дар вазни то 57 кило нерӯяшонро дар мусобиқаи Ӯзбекистон хоҳанд санҷид.