Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Пушилин: Украина ба майдони озмоиши сенарияҳои хунини НАТО табдил ёфтааст

Сиёсатмадори Донетск дар бораи омодагии низомиёни Украина барои истифода аз ғайринизомиён ҳамчун сипари зинда ва маҳв кардани шаҳрҳо аз рӯи замин сухан гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ғарб Украинаро ба як тамрингоҳи “хуннтарин сенарияҳои низомӣ” табдил додааст, гуфт иҷрокунандаи вазифаи ҷумҳурии мардумии Донетск Денис Пушилин.
Дар ин бора сиёсатмадор зимни мусоҳиба бо ТАСС изҳор доштааст.
"Мо мебинем, ки Украина чӣ гуна ба як тамрингоҳи НАТО барои коркарди хунинтарин сенарияҳои низомӣ табдил ёфтааст, ки чӣ гуна Ғарб рӯз аз рӯз хатти сурхи худро убур мекунад ва розӣ мешавад, ки Киевро бо силоҳҳои аз ҳама вазнинтар ва дурпарвоз таъмин кунад",- гуфт ӯ.
Чунон ки Пушилин илова намуд, ҷумҳурӣ боварӣ ҳосил кард, ки режими Киев тайёр аст аз аҳолии осоишта ба сифати сипари зинда истифода бурда, шаҳрҳои ҶСД-ро аз замин нест кунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев гуфт, Амрико аз анҷоми низоъ дар Украина манфиатдор нест
"Дар ибтидои амалиёти махсуси ҳарбӣ мо танҳо як чизро нодида гирифтем - беҳаёии душман, омодагии ӯ ба ҳама гуна қурбониҳо барои расидан ба ҳадафҳои шарикони ғарбияшро", - қайд кард сиёсатмадор.
Қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки фишори Пентагон болои Русия бемаънӣ аст.
Ба гуфтаи ӯ, кишвареро, ки аз ҳамватанонаш ҳимоят мекунад ва қодир ба ҳимояти худ истода бошад, тарсондан бефоида аст.