Теҳрон аз Киев даъват кард, ки аз иғво дар расонаҳо худдорӣ кунад

Вазорати хориҷаи Эрон ахиран аз мақомоти Украина даъват кард, ки аз изҳороти иғвоангез алайҳи Теҳрон дар расонаҳо худдорӣ намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Эрон аз Украина интизор дорад, ки аз хабарҳои иғвоангез алайҳи Теҳрон дар расонаҳо худдорӣ хоҳад кар ва дар равобити байналмилалӣ касбият нишон медиҳад, гуфт сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ Носир Қанъонӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА “Новости.
"Мо умедворем, ки Украина аз баррасии мавзӯъҳои иғвоангез ва ҳассоси марбут ба Эрон дар расонаҳо худдорӣ мекунад ва ба равобити ду кишвар ба таври касбӣ бархӯрд мекунад", - гуфт ӯ.
Дипломат таъкид кард, ки Теҳрон ва Киев равобити дӯстона доранд, аммо ба далели бӯҳрони Украина ва "таҳти таъсири бархурди сиёсӣ ва фишори кишварҳои ғарбӣ" будани мақомоти Киев сифати равобит поин рафтааст.
Бо вуҷуди ин, Эрон ба эътидоли равобит умед дорад, афзуд ӯ.
Қанъонӣ гуфт, ки равобити сиёсӣ як роҳи дуҷониба аст, аммо мавқеъи муқобили бархе аз сиёсатмадорони украинӣ, ки дар расонаҳо баён шудаанд, барои рафъи нофаҳмиҳо кумак намекунад.
Раҳбари Эрон: Украина қурбонии сиёсатҳои Амрико аст
Намояндаи вазорати умури хориҷа ҳамчунин ба иттиҳоми Эрон дар бораи гӯё ба Русия бо аслиҳа кумак кардааст, ишора кард. Вай таъкид кард, ки то кунун касе дар ин бора, ҳатто дар нишасти моҳи ноябрии комиссияи дуҷонибаи мутахассисони фаннӣ аз Украина ва Эрон далели қобили эътимод ва асноди мӯътабар пешниҳод накардааст.
Маскав ва Теҳрон борҳо иттиҳомоти Ғарбро, ки иддао доранд, Эрон ба Русия паҳподҳо барои амалиёти низомӣ дар Украина таъмин мекунад, рад кардаанд. Тавре вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ҳамаи ин изҳорот беасос боқӣ мемонад.
Кохи Кремлин қайд кард, ки онҳо дар бораи аслиҳаи Эрон маълумот надоранд - ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков, дар амалиёти вижа таҷҳизотҳои Русия ва бо номҳои русӣ истифода мешавад.