ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Нерӯҳои украинӣ метавонанд дар охири моҳи март дар самти ҷанубӣ дар вилояти Запороже талоши ҳамла кунанд, гуфт раиси ҷунбиши "Мо бо Русия ҳастем", узви шӯрои асосии маъмурияти вилояти Запороже, Владимир Рогов.
"Мо интизор дорем ва хуб медонем, ки кӯшиши ҳамла дар охири моҳи март метавонад рух диҳад, зеро то он вақт онҳо метавонанд шумораи кофии одамонро дастгир кунанд, ки метавонанд ба оташи ҷабҳа партоянд", - гуфт Рогов.
Вай дар суҳбат бо "Комсомольская правда" изҳор доштаст, ки айни ҳол ҳатто беморон метавонанд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина даъват карда шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло нирӯҳои Украина захираҳои худро дар вилояти Днепропетровск ҷамъ мекунанд ва дар қисмате аз вилояти Запороже, ки таҳти назорати онҳо мебошад, бо "шитоби девонавор" мустаҳкамсозии бархе минтақаҳоро ба роҳ мондаанд.
Дар ҳамин ҳол Рогов таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз нақшаҳои душман огоҳанд ва дар сурати таҷовузи душман омодагии хуб доранд.
Вилояти Запороже дар пайи як раъйпурсии моҳи сентябри соли 2022 субъекти Федератсияи Русия шуд, ки Киев натоиҷи онро эътироф намекунад ва тирпарронии қаламравро идома медиҳад.
Айни ҳол беш аз 70%-и вилояти Запороже таҳти назорати Русия қарор дорад, дар ҳоле ки маркази вилоят, шаҳри Запороже таҳти назорати нерӯҳои Украина боқӣ мемонад.