Боздиди вазир аз "Роғун": 8 ҳазор ҷойи кор холист

Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар садри як ҳайат аз майдони сохтмони НБО "Роғун" боздид кардааст, ки гуфта мешавад ба 8 ҳазор коргар ниёз дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон пеши вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, Гулнора Ҳасанзода барои таъмини нерӯгоҳи "Роғун" бо коргару мутахассис вазифа гузоштааст.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, раисҷумҳур дар ҷаласаи ҳукумат барои таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии нерӯгоҳи "Роғун" бо коргару мутахассисони зарурӣ вазифагузорӣ кардаст.
Барои иҷрои ин супориш дар вазорат Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии нерӯгоҳ бо кадрҳо таъсис ёфтаст.
"Ситодҳои ҳамсон, дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, тавассути ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод корҷӯёнро барои кор ба "Роғун" сафарбар намуда истодаанд", - омадааст дар иттилоия.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барканор ва таъйин шуд
Ҳамчунин гурӯҳи кории вазорат таҳти роҳбарии вазир аз НБО "Роғун" боздид намуда, бо шароити кору истироҳат ва маишати бунёдгарони нерӯгоҳ шинос шудаст.
"Доир ба ҳамкориҳо вобаста ба ҷалби неруи корӣ ва ташкили таҷрибаомӯзӣ дар ин иншоот бо роҳбарияти ҷамъияти мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт", - изҳор дошт дафт матбуоти Вазорат.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки мувофиқи маълумоти дастрасшуда айни ҳол ширкатҳо дар "Роғун” ба зиёда аз 8 ҳазор мутахассис ва корманди одӣ эҳтиёҷ доранд.