ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Тибқи иттилои , иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ба гуфтаи обуҳавошиносон ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона то 25 ва рӯзона то 11 дараҷа хунук пешгўӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борон ва барфи бошиддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст.
Дар вилояти Хатлон бошад ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад, рӯзона борон меборад.
Дар ин вилоят дар охири рӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона то 12 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона ва рӯзона то 6 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона то 13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе бошад ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат ба амал меояд. Ҳаво шабона то 9 ва рӯзона то 12 дараҷа гарм мешавад.