Тоҷикистон ҳавопаймоҳои чинӣ мехарад?

Намояндагони яке аз бузургтарин ширкатҳои тиҷоратии Чин ба раҳбарияти ширкати "Сомон Эйр" ҳавопаймоҳояшро муаррифӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Намояндагони ширкати чинии “AVIC INTL” ба роҳбарияти ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" ҳавопаймоии Y-12E-ро муаррифӣ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ширкати "Сомон Эйр".
Зимнан зикр гардид, ки истифодаи ин навъи ҳавопаймоҳо барои фаъолият дар манотиқи кӯҳистонӣ мувофиқ мебошанд ва имкони парвозу фуруд омаданро дарфурудгоҳҳои кучак доранд.
"Ҳавопаймоҳои Y-12 як ҳавопаймои сабуки кучакмебошанд, ки аз ҷониби Корпоратсияи Авиатсияи саноатии Чин истеҳсол мешавад. Ҳавопаймои "Y-12" аз 18 то 20 чойи нишаст дорад ва метавонад барои интиқоли бор ва мусофиркашонӣ истифода шавад.
“AVIC International Holding Corporation” яке аз бузургтарин ширкатҳои тиҷоратии Чин аст, ки асосан дар соҳаи авиатсия кору фаъолият мекунад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш намояндагони ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз корхонаи "LET Aircraft Industries"-и Чехия боздид намуданд.
Музокироти Тоҷикистону ширкати “Омнипол” барои хариди ҳавопаймоҳои хурди мусофирбар
Ҳадафи сафар шиносоӣ бо раванди истеҳсоли ҳавопаймои L410 NG, баррасии масъалаҳои омодасозии мутахассисони техникӣ ва парвозии ширкати ҳавопаймоӣ буд.
Намояндагони ширкати "Сомон Эйр" ҳамчунин бо намояндагони ширкатҳои содиротии "Czech Export Agency" ва Корпоратсияи "Export Guarantee & Insurance" оид ба масъалаҳои маблағгузории харидории эҳтимолии ҳавопаймоҳо вохӯриҳо анҷом доданд.
Ҳавопаймои L-410 NG аз ҷониби Агентии аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, охирин модификатсияи ҳавопаймоҳои L-410 мебошад. Ҳавопаймо барои алоқаи байни марказ ва навоҳии дурдаст, ҳамзамон барои эҳтиёҷоти авиатсияи тиббӣ истифода мешавад.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар айни замон парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.