Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Шабу рӯз зери нишон: Қодиров видеои нобудсозии артиши Украинаро нашр кард

Наворҳои дронҳо назоратӣ нашр шудаанд, ки дар он дида мешавад артиши Русия ҳам рӯзона ва ҳам шабона ба мавзеъҳои артиши Украина зарба мезанад
Sputnik
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров наворҳои нобудсозии мавқеъҳои нерӯҳои украинӣ дар ҶМЛ дар наздикии деҳаи Белогоровкаро намоиш дод.
Қодиров дар шабакаи Telegram-и худ навиштааст, ки воҳидҳои Русия чӣ гуна ҳамла карда, минтақаи пурзуршудаи артиши Украинаро, ки барои дифоъи тӯлонӣ комилан омода шуда буданд, таҳти назорат гирифтанд.
Артиши Русия деҳаи Берховкаро аз нерӯҳои Украина озод кард
Хар кадоми онхо чандин даҳҳо метр хандак кофта, нуктахои оташфишонӣ ва омода карданд.
"Сарбозони мо ҳатто шабона хам хушёрии худро аз даст надода, фашистони украинро шикор мекунанд", — навиштааст ӯ.
Дар навори видеоӣ маҳв кардани душман дар вақти шабона сабт шудааст. Қодиров тавзеҳ дод, ки дар ин марҳила, дар минтақаи шаҳри Кременная, ҶМЛ низ "хеле гарм" аст.
Дар ин ҷо паҳподҳои русӣ дар сатҳи олӣ кор карданд – халабонҳои мо чандин ҷойҳои артиши Украинаро ошкор карданд, ки дар он ҷо нерӯи душман мутамарказ шудааст.
Вай афзуд, ки артиши Русия дар ҳама самт ба чунин пешрафтҳо ноил мешавад. ⠀