ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир дар сохтмони НБО “Роғун” зиёда аз 7 ҳазор сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доранд, иттилоъ додааст раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ баъд аз баргузории ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод рӯзҳои 1 ва 2 декабри соли 2022 дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар 133 нафар сокини вилояти Хатлон, давоми моҳи декабри соли 2022 дар НБО “Роғун” бо ҷойи кор таъмин шуд.
Ба гуфтаи масъулини ҳамин ниҳоди давлатӣ бо мақсади боз ҳам бештар ба шуғл фаро гирифтани бекорон, дар соли гузашта 432 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ташкил карда шудааст, ки ин 143 дарсади нақша мебошад.
Дар рафти баргузории чунин ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод 3473 корхонаю ташкилотҳо ва муассисаю хоҷагиҳои гуногун иштирок намуда, барои бекорон 2626 ҷойи кор ва вазифа пешниҳод карданд.
Ба иттилои манбаъ тавассути ярмаркаҳо 6787 нафар ба кор роҳхат гирифт, ки аз онҳо 5584 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардид, 2076 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб шуд, 342 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гашт.