ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Доғистон 12 муҳоҷир аз Тоҷикистон қарор доранд.
Дар ин бора агентии "Ховар" бо истинод ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хаар дод.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Доғистон қовонини будубошро нақз намудаанд ва ба ин хотир ҳоло дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранд.
Манбаъ меафзояд, Ҷамол Алиев ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба ҳамтои Доғистонии худ барои баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан мактуб ирсол намудааст.
Гуфта мешавад, ҳоло масъалаи барқарор намудани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият ва ба ватан баргардонидани онҳо баррасӣ мешавад.
Ҷамол Алиев иброз доштааст, ки раванди мазкур зери назорати ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Доғистон қарор дорад.
Зикр гардид, ки шароити нигаҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар Доғистон хуб аст.