ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Сарбозони гурӯҳи "Вагнер" деҳаи Берховкаи назди Артемовскро озод карданд, гуфт асосгузори гурӯҳ Евгений Пригожин.
"Берховка комилан таҳти назорати мо қарор дорад", - гуфта оқои Пригожин дар саҳифи шабакаи иҷтимоии худ.
Берховка дар шимолу ғарби шаҳри Артемовск вокеъ аст. Дар оғози ҳафта вазорати дифоъ аз озод шудани деҳаи ҳамсояи Парасковевка хабар дода буд.
Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи раиси ҶМД Денис Пушилин, таҳти назорат гирифтани ин қаламравҳо имкони бастани роҳ ба сӯи деҳаи Часов Яр, ки танҳо барои таъмини Қувваҳои Мусаллаҳ боқӣ мондааст, медиҳад.
Артемовск дар қисми шимолии Горловка аст, ки ҳоло таҳти назорати мақомоти Киев қарор дорад. Барои ин шаҳр артиши Русия ва Украина ҷангҳои шадиду маргбор доранд.
Русия аз рӯзи 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомӣ оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.