ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз замин ҷунбид ва ин навбат ҳам маркази он Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.
Тибқи маълумоти Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон заминҷунбӣ соати 16:24 дақиқа ба шиддати 5 балл ба вуқӯъ пайваст.
Феълан КҲФ Тоҷикистон расман ин офати табииро шарҳ надодааст. Қаблан ин ниҳод гуфта буд, ду заминҷунбии субҳи барвақти 23 феврал дар наздикии кӯли Сарез рух доданд, дар пай талафоти ҷонӣ ва молӣ надоштанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар ноҳияи Дарвози ВМКБ заминҷунбии 3.7 дараҷа рух дод.
Аз ин пеш, рӯзи 20 феврал ноҳияи Шуғнони ин вилоятро заминҷунбӣ такон дод. Маркази заминларза дар 288-километрии ҷанубу шарқи Душанбе ва 17-километрии ҷанубу шарқи Хоруғ воқеъ буда, шиддати заминларза 3 балл буд.