ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон пас аз иҷрои вазифае, ки назди онҳо гузошта шуда буд ба ватан баргаштанд.
Гуфта мешавад, Сулаймон Исосода, раиси гурӯҳи наҷот зимни ба Истамбул расидан дар Китоби меҳмонони фахрӣ навиштаҷот гузоштааст. Дар ин лаҳза дипломатҳо ва кормандони фурудгоҳ, ки барои гусели мутахассисони тоҷик омада буданд, онҳоро бо кафкӯбӣ ва суханони миннатдорӣ гусел карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Туркия дар навбати худ ба наҷотдиҳандагон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Қаблан маҳорати баланди мутахассисони КҲФ аз ҷониби президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва вазири дифои миллӣ Ҳулуси Акар қайд карда шуд. Д
Ёдовар мешавем, ки заминларзаи бо шиддати 7,8 дараҷа дар ҷануби Туркия ва пасларзаҳои баъд аз он дар авоили моҳи феврал ҳам дар худи ин ҷумҳурӣ ва ҳам дар Сурияи ҳамсоя ҳудуди 50 ҳазор нафарро кушта ва чанд шаҳрро низ ба хок яксон карда буд.
50 имдодрасе, ки Тоҷикистон ба Туркия фиристод, тавонистанд се нафарро дар Қаҳрамонмараш аз зери харобаҳо зинда берун оранд. Ҳамчунин ҷасади 217 нафарро дар Қаҳрамонмарш ва вилояти Ҳатой пайдо карданд.