Бозгашти сардиҳо ба Тоҷикистон: боришоти барфу борон ва тармафароӣ зиёд мешавад

Обуҳавосанҷон мегӯянд, дар баробари хавфи фаромадани тарма ва боришоти шадиди барфу борон дар баъзе аз минтақаҳо сар задани сел низ аз эҳтимол дур нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 февр — Sputnik. Ба Тоҷикистон аз самти Сибири Ғарбӣ анбӯҳи ҳавои сард ворид мешавад ва бинобар ин дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво номусоид хоҳад шуд.
Дар ин бора Оҷонсии обуҳавошиносӣ хабар дода, афзуд, ки чунин вазъи ҳаво аз 25 феврал сар мезанад.
"Дар қисми зиёди ноҳияҳои мамлакат ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст мешавад", - омадааст дар хабари манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, бинобар ворид шудани ҳавои сард 25 феврал рӯзона дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошиддат ба амал омадани борон ва барф пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ ҳушдор медиҳад, ки бинобар ҳавои номусоид рӯзҳои 23-26 феврал дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ, шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Нуробод-Тавилдара, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Шуғнон, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим тармафароӣ сурат мегирад.
Афзоиши теъдоди қурбониёни тарма дар Хоруғ
Илова бар ин, боронгариҳои шадиди рӯзи 25 феврал дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ хавфи фаромадани селро зиёд мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи барфрезиҳои шадид дар ВМКБ тармафароии зиёд рух дод, ки дар натиҷа даҳҳо нафар кушта ва хахмӣ гардиданд.