ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Соли 2022 дар Тоҷикистон 55 муассиса ба истеҳсоли дору ва маводи тиббӣ машғул шуда, 315 номгӯи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба роҳ монданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 корхона ва 26 номгӯй зиёд мебошад, иттилоъ додааст Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, соли сипаригардида барои машғул шудан ба фаъолияти фарматсевтӣ 258 иҷозатнома дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3 адад зиёд мебошад.
Дар ин давра ба ҷумҳурӣ ба маблағи 156 млн. доллар дору ва молҳои тиббӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 25,3 млн. доллар зиёд мебошад.
Инчунин содироти маводи фаъоли биологӣ дар ин давра 82,26 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 63,25 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти гумрук назорати сифати дорувории воридшаванда ва пешгирӣ кардани воридшавии доруҳои пастсифату муҳлаташон гузаштаро пурзӯр намудаанд.
Таъкид шудааст, ки соли гузашта аз 154 муассисаи фарматсевтӣ 537 ва аз 231 муассисаи тиббӣ 288 номгӯй дору ва молҳои тиббии ба талабот ҷавобгӯ набуда ва ба таври қочоқ воридшуда ба миқдори 84,1 тонна аз муомилот гирифта, нобуд карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 25,89 тонна кам мебошад.