ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Ҳукумати Суғд аз авввалинҳо шуда эълон кард, ки рӯзҳои 24-26 феврали соли равон дар майдони назди Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо гузаронида мешавад.
Ин ниҳод бо нашри як иттилоия сокинони Суғду меҳмононро ба ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо даъват намудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон садҳо ҳазор гулу ниҳолҳо шинонда мешаванд, ки умдатан аз тариқи ҳашар амалӣ мегарданд.
Қаблан мақомоти нақшаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Душанбе барои тирамоҳу баҳори соли равонро тасдиқ карда, таъкид мекунанд, ки ниҳолҳои солҳои қаблӣ хуб сабзиш доранд.
Аз ҷумла таъкид шуд, ки дар мавсими имсола шинондани зиёда аз 58 ҳазор ниҳол дар пойтахти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст
Ба иттилои манбаъ, ин теъдод ниҳол аз ҷониби сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, Кумитаи кор бо ҷавонон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист шинонда хоҳанд шуд.
Таъкид шудааст, ки навъи дарахтон вобаста ба мавзеъ, мувофиқ интихоб карда мешаванд. Аз ҷумла дар ҳудуди Боғи Ғалаба шинонидани ниҳоли дарахтони санавбар, можжевелник, туя, шулаш ва олуи даштӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мутобиқ ба дастури мутахассисони соҳа ва дендрологҳо шинонидани ниҳоли дарахтон дар ин мавзеъ дар 1 га дар масофаи 3х3 м амалӣ карда шуда, нигоҳубини дарахтони шинонидашуда тӯли як сол ба зиммаи сохторҳои дахлдор вогузошта мешавад.