ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Дар Тоҷикистон боҷро зиёд карданд, то талоқ коҳиш ёбад. Тағйирот дар ин бора ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ворид карда шуд.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли вазири адлияи Тоҷикистон, Музаффар Ашӯриён овардааст, ки бекор кардани ақди никоҳ дар ду-се соли охир рӯ ба афзоиш ниҳодаст.
Вазир таъкид намудааст, ки дар пайи азҳампошии оилаҳо шумораи зиёди кӯдакони ноболиғ аз тарбияи яке аз волидон маҳрум мегарданд.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки дар маҷмӯъ, зиёда аз чор се ҳиссаи бекоршавии ақди никоҳ дар асоси ҳалномаи суд сурат мегирад.
"Бо мақсади то андозае коҳиш додани бекоршавии ақди никоҳ бо ҳалномаи суд ва дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон андозаи боҷи давлатӣ аз як ва якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо мувофиқан ба ҳафт ва панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 68 сомониро ташкил медиҳад.
Бар асоси омори расмӣ, солил гузашта дар Тоҷикистон 13 ҳазор талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешӣ 162 ҳолат зиёд аст.
Мақомот мегӯянд, дар бархе ҳолатҳо талоқҳо тақаллубиянд чун тоҷикистониён аз ин роҳ мехоҳанд дар Русия шаҳрвандиро ба даст оранд.