Ширкатҳои эронӣ барои содироти худравҳояш ба Русия иҷозатнома мегиранд

Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон эълон кардааст, ки ҷараёни содироти худравҳои эронӣ ба Русия дар марҳилаи гирифтани иҷозатнома қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Ширкатҳои эронии “Saipa” ва “Iran Khodro” худравҳои худро ба Русия содир хоҳад кард, ҳоло худравҳои ин ширкатҳо дар марҳилаи гирифтани иҷозатнома қарор доранд, гуфт ба “РИА Новости” Омид Қолибоф, намояндаи расмии Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон.
"Ширкати "Saipa" бо як ширкати белорусӣ барои содироти 45 ҳазор худрав "Shahin" ва "Quick" қарордод бастааст ва ҳамон ду модели мошин ба бозори Русия низ ворид мешавад", - гуфт Қолибоф.
Вай мушаххас накардааст, ки ширкат чӣ гуна худравҳоро ба Русия мустақиман ё тавассути Беларус мефиристад. Ба гуфтаи Қолибоф, ин масъала ба таҳримҳои Ғарб марбут аст. Вай дар бораи он ки оё "Saipa" созишномаи содиротӣ танҳо ба бозори Беларусро имзо кардааст ё қисме аз 45 ҳазор худрав тавассути Беларус ба Русия меравад, нагуфт.
Имзои Ёддошти тафоҳум дар бораи содироти худравҳои сохти Эрон ба Русия
Ҳамзамон оқои Қолибоф қайд кард, ки "Saipa" мустақиман бо ҷониби Русия ҳеҷ гуна созишнома набастааст. Ҳоло бо Москва гуфтушунид давом дорад ва худравҳо дар марҳилаи гирифтани иҷозатнома қарор доранд. Ҳамин ҳолат бо худравҳои ширкати мошинсозии эронии “Iran Khodro” ба вуҷуд омадааст.
Ин мақомдори эронӣ гуфтааст, "ширкати худравсозӣ як худрави худро ба унвони намуна барои гирифтани иҷозатнома ба Русия фиристод ва пас аз он бо ширкатҳои хусусии Русия барои бастани қарордод дар тамос хоҳад шуд".
Дар авоили феврал сафири Русия дар Теҳрон Алексей Дедов дар мусоҳиба бо РИА “Новости” гуфт, ки ширкати "Saipa" дар бораи дурнамои содироти беш аз 20 ҳазор худрав дар як сол бо Русия музокира дорад ва Iran Khodro қасд дорад то охири моҳи март ҳудуди ду ҳазор мошинашро бирасонад. Аммо вазорати саноат ва савдо гуфтааст, то замоне, ки мошинҳои эронӣ иҷозатнома нагиранд, содирот ғайриимкон хоҳад буд.