ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Ҷасади 9 сокини Мурғоб, ки муваққатан дар шаҳри Хоруғ истиқомат намуда, бар асари фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хусрав ҷони худро аз даст доданд, ба аҳли хонаводаҳояшон супорида шуданд
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ иттилоъ дода, афзуд, ки барои расондани таслияти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии раиси вилоят, Алишер Мирзонабот ба хонаҳои оилаҳои мусибатзада рафт.
"Бо ин мақсад давоми руз гурӯҳи корӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Гожо Бердибаев ва Қизилработ сафар намуд", - омадааст дар иттилоия.
Дар ҷамоати деҳоти Аличур низ ду хонавода мусибатзада мебошанд, чун 2 узви оилаашонро аз даст доданд.
Раиси вилоят изҳор доштаст, ки аз лаҳзаҳои аввали дарёфт шудани ҷасадҳо тамоми кӯшишҳо ба хотири сари вақт дастрас намудани онҳо ба ноҳияи Мурғоб кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуданд.
"Мутаассифона, бо сабаби фаромадани тармаҳои пай дар пай дар роҳи самти Хоруғ-Мурғоб ва набудани ҳавои мусоид барои парвози чархбол барои ин монеа эҷод намуд", - гуфтаст ӯ.
Вай ҳамчунин бо таассуф таъкид намудаст, ки аз даст додани наздикону пайвандонро бо ягон восита наметавон ҷуброн намуд, лекин аз ҷиҳати моддию молявӣ ин оилаҳо ҳамаҷониба аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ хоҳанд ёфт.
Дар марҳилаи аввал барои оилаҳои фавтидагон аз номи президент 40 ҳазор сомонӣ ва кӯмаки яквақта дар намуди маҳсулоти озуқаворӣ дастрас карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран навоҳии ВМКБ-ро тармафароиҳои зиёд фаро гирифтанд, ки дар пайи якеаш даҳҳо нафар дар шаҳри Хоруғ ҳалоку маҷруҳ шудаанд.