ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Аз ҳудуди заминҳои муайянгардида маводҳо ва лавозимоти ҷангии нотаркида тоза ва безарар гардонда, ба Муассисаи давлатии Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо супурда шуданд.
Дар ин бора рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар истинод ба Муассисаи давлатии Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо хабар додааст.
Манбаъ хабар додааст, ки танҳо соли 2022 беш аз 225 319 метри мураббаъ қитъаи замин, бо миқдори 170 мина ва 516 муҳимоти ҷангии нотаркида тоза ва безарар гардонда шуд.
Қайд карда шудааст, ки барои фароҳам овардани шароити маишӣ барои сарбозон дар 4 қисми ҳарбӣ хонаи вохӯрии сарбозон бо аҳли оила ва наздиконашон бо тамоми шароити зарурӣ сохта шуд.
Илова бар ин, биноҳои 2 ситод бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, биноҳои 2 ситод, 5 хобгоҳ, 5 ҳаммом ва 6 ошхонаи қисмҳои ҳарбӣ тармиму таъмир гардиданд.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки давоми соли 2022 хизматчиёни ҳарбӣ ба курсҳои омодасозӣ ва безараргардонии минаҳо ва машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ҷалб ва баъди итмоми курсҳо барои иштирок дар амалиётҳо оид ба безараргардонии минаҳо дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо сафарбар гардиданд.