ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Мавлави Абдуқайюми Рӯҳонӣ муовини раиси вилояти Ҳироту Раҳматуллоҳи Фисон, муовини раёсати намояндагии вазорати хориҷаи давлати толибҳо бо Фран Аквиз, масъули сандуқи кӯдакони милали муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар ин кишвар дидор ва гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст бахши дарии сомонаи “Парс Тудей”.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамкориҳо байни ЮНИСЕФ ва Идораи маҳаллии Ҳирот ва ҳамчунин масоиле ҳамчун сӯйитғзия ва омӯзиши кӯдакони бесарпараст, дармони муътодону тасҳилот барои ниёзмандон, меҳвар ин гуфтугуҳо эълом шудааст.
Мавлави Абдуқайюми Рӯҳонӣ дар ин дидор гуфт, ниҳодҳое, ки фаъолиятҳои башардӯстона анҷом медиҳанд бояд ба давр аз сиёсии корӣ ба хизматрасонӣ барои мардум идома диҳанд.
Раиси дафтари ЮНИСЕФ дар Афғонистон низ дар ин дидор гуфт, дар ҳоли кор бар рӯи тарҳест то кӯдакони бесарпарастро таҳти пӯшиш қарор диҳад.
Толибҳо аз моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба дасти худ гирифтанд. Ҳамзамон ғарб ба вижаи Амрико таҳримҳои сахтеро алайҳи Афғонистон таҳмил карданд ва ин таҳримҳо зиндагии мардумро душвору афғонҳоро ба дарёфт кумакҳои башардӯстона ниёзманд кардааст. Аммо ин кумакҳо низ дастхуши сиёсии корӣ шудааст. Ҳар тасмими толибҳо мумкин аст ирсоли кумакҳои башардӯстонаро мутаваққиф ё ба таъвиқ биндозад.