Тоҷикистон аз Қазоқистон 5 ҳазор тонна мазут кумак гирифт

Мақомоти Қазоқистон бинобар сард омадани зимистони имсола ва кори муътадили иншооти муҳими энергетикии Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ кумаки башардӯстона карда аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар пойтахти кишвар маросими супоридани кумаки Қазоқистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 5 ҳазор тонна мазут баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорати Қазоқистон дар Душанбе.
Дар маросими супоридани кумак Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов, Директори Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар намояндагони масъул иштирок намуданд.
Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов гуфт, ки “ёрии башардӯстона, ин саҳм гузоштан дар таъмини амнияти энергетикӣ, нишони бародарӣ ва эҳтироми мутақобила буда, хоси муносибатҳои дӯстонаи Қазоқистону Тоҷикистон мебошад”.
Гуманитарная помощь Казахстана в виде 5 тысячи тонн мазута передана Таджикистану
Дар маросими супоридани кумаки башардӯстона таъкид карда шуд, ки аз ҷониби раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев бинобар сард омадани зимистони имсола ва кори муътадили иншооти муҳими энергетикии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки кумаки башардӯстона ба маблағи 1,8 млн доллар расонида шавад.
Ҳамзамон Нурмаҳмад Аҳмадзода муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро судманд арзёбӣ намуда, гуфт, ки ба равобити ду давлат, ки бар асоси анъанаҳои устувори таърихӣ бунёд ёфтаанд, рӯҳияи дӯстии мустаҳкам ва эҳтироми мутақобила хос мебошад.
Ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонае, ки Қазоқистон ба Тоҷикистон аз соли 2006 то имрӯ расонидааст, агар бо маблағ ҳисоб кунем бештар аз 44 миллион доллар мебошад.