ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Барои бархе аз афроди доро Русия ба манбаи даромаду кишварҳои ғарбӣ ба макони сарфи ин маблағҳо табдил ёфта буданд.
Ин нуктаро президенти Русия, Владимир Путин зимни ироаи паём ба Маҷлиси федералӣ баён дошт.
Ӯ гуфт, ин гуруҳ ба хариди қасру кушкҳо киштиҳои боҳашамату дигар тафреҳот машғул гардиданд, ки давлат ҳам чизе карда натавонист.
"Ман ба шумо як чизи оддӣ мегӯям, ҳеҷ як аз шаҳрвандони қатории Русия барои онҳое, ки дар бонкҳои ғарбӣ пулашон дармондаст ё яхтаҳои худро аз даст додаанд, дилтанг намешавад", - изҳор дошт Путин.
Вай афзуд, мардум ҳамчунин раванди хусусисозиеро низ ёд хоҳанд овард, ки корхонаҳои як замон аз ҷониби тамоми мамлакат бунёдгардида бо нархи ночиз аз худ карда мешуданд.
"Гуфта будам, ки чанг хӯрда миёни дафтарҳои кории мансабдорони аврупоӣ хоҳед давид, то пули худро бозпас бигирад. Чунин ҳам шуд", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Вай ҳушдор дод, ки сарфи назар аз ҳама, русиягиҳо дар кишварҳои ғарбӣ афроди дуюмдараҷа боқӣ хоҳанд монд ва аз онҳо даъват намуд, ки кору иқоматашонро дар Ватан роҳандозӣ намоянд.