ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Русия дар паёми солонааш ба Маҷлиси Федералӣ (парлумон) дар бораи амалиёти вижаи кишвараш дар қаламрави Украина изҳори назар кард.
Владимир Путин дар бораи амалиёти вижа дар Украина гуфт, ки мо қадам ба қадам, бодиққат ва пайгирона аҳдофи дар пеш гузоштаро анҷом хоҳем дод.
"Як сол пеш бо мақсади ҳифзи одамон дар сарзаминҳои таърихии мо, таъмини амнияти кишварамон, аз байн бурдани таҳдиде, ки аз ҷониби режими неонатсистӣ, ки пас аз табаддулоти соли 2014 дар Украина ба вуҷуд омада буд, амалиёти вижа оғоз шуд. Мо қадам ба қадам, бодиққат ва вазифаҳоеро, ки дар назди мо истодаанд, пайваста ҳал хоҳем кард”, - гуфт кишвардори Русия.
Владимир Путин паёми солонаашро ба Маҷлиси Федералӣ (парлумон) ироа кард. Имсол паёми кишвардори Русия дар толори Қасри меҳмондорӣ баргузор шуд.
Намоиши паём тавассути шабакаҳои телевизионии федералӣ мустақиман пахш карда мешавад ва дар платформаҳои онлайн низ ҳар кас метавонад онро тамошо намояд.
Интизор меравад, ки кишвардори Русия дар бораи вазъи ҷаҳон ва иқтисод ва тадбирҳои дастгирии давлатӣ суханронӣ кунад.
Вай дар суханронии худ ба мавзӯи амалиёти вижаи Русия дар қаламрави Украина низ суҳбат кунад.
Бори охир Путин паёми худро моҳи апрели соли 2021 ироа карда буд. Дар моҳи декабри соли 2022 маълум шуд, ки паём то соли 2023 мавқуф гузошта шудааст.