Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Маҷлиси федеролӣ паёми солонаашро ироа кард.
Намоиш тавассути шабакаҳои телевизионии федералӣ мустақиман пахш карда шуд ва дар платформаҳои онлайн низ ҳар кас метавонад онро тамошо кард.
Интизор меравад, ки кишвардори Русия дар бораи вазъи ҷаҳон ва иқтисод ва тадбирҳои дастгирии давлатӣ суханронӣ кард.
Вай дар суханронии худ ба мавзӯи амалиёти вижаи Русия дар қаламрави Украина низ суҳбат кард.
Тибқи анъана ба ин чорабинӣ аъзои ҳукумат,вакилони парлумон ва сенаторҳо, даъват шуда буданд. Имсол дар ин паём чеҳраҳои навро дида шуд, ба хусус иштирокчиёни амалиёти вижа.
Путин тасдиқ кард, ки ба пирӯзии Русия итминон дорад.
Бори охир Путин паёми худро моҳи апрели соли 2021 ироа карда буд. Дар моҳи декабри соли 2022 маълум шуд, ки паём то соли 2023 мавқуф гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 21 феврал як сол мешавад, ки Путин эълони эътирофи ҶМЛва ҶМД-ро эълон кард.