Ҳавопаймои махсус аз Тоҷикистон дар Сурия фуруд омад

Ҳавопаймо ба зарардидаҳои Сурия ғизо, либосу пойафзоли зимистона, кӯрпаю болишт, кати хоб, хаймаҳо, ҷиҳози хобу маводи беҳдоштиро дастрас кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода кумаки башардӯстонаро ба Сурия тавассути ҳавопаймоҳои махсус ба Сурия фиристодаанд.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" иттилоъ дода, афзуд, ки кумак ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Ҷумҳурии Арабии Сурия бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фиристода шуд.
Кумаки башардӯстона аз маводи зарурии хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва оби нӯшокӣ иборат мебошад, омадааст дар иттилоия.
Инчунин ба зарардидаҳо аз офати табиӣ дар Сурия либосу пойафзоли зимистона, кӯрпаю болишт, кати хоб, хаймаҳо, ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳо, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ дастрас гардид.
Башор Асад аз Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ кард
Ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Сурия 50 тоннаро ташкил медиҳад, омадааст дар иттилоия.
Қаблан вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар мавриди он, ки чаро гуруҳи наҷотдиҳандагон ба Туркия фиристода шудаанду ба Сурия на, изҳор дошт, ки аз ҷониби ин ҷумҳурии арабӣ дархост ворид нагардидааст.
“Дар мавриди фиристодани наҷотдиҳандагони тоҷик аз ҷониби Сурия дархост нарасидааст", - изҳор дошт ӯ.
Қаблан Тоҷикистон ба Туркия кумаки башардӯстона 50 нафар наҷотдиҳандагон фиристод.
Заминларзаи 6 феврал дар Туркия даҳҳо ҳазор куштаю маҷруҳ барҷой гузошта, талафоти зиёди молию ҷониро ба Сурия низ расондааст.