ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Феълан сохтмони 45 муассисаи томактабӣ дар ошиёнаҳои поёнии биноҳои бисёрқабата дар Душанбе идома дорад.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки дар 45 муассисаи томактабӣ, ки сохтмонашон дар биноҳои бисёрошёна идома дорад, наздики 7,7 ҳазор ҷой барои кӯдакон фароҳам хоҳад шуд.
Бар асоси иттилои расмӣ, айни ҳол дар шаҳри Душанбе 161 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд.
Аз ин теъдод 96 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 53 муассисаи томактабии хусусӣ ва 12 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо мебошанд, ки беш аз 31 ҳазор тарбиятгирандаро фаро гирифтаанд.
Таъкид шудааст, ки дар муассисаҳои томактабии Тоҷикистон беш аз 1,8 ҳазор мураббия фаъолият доранд.
Қаблан раиси Душанбе, Рустами Эмомалӣ дастур дода буд, ки мақомот барои бунёди муассисаҳои томактабӣ бештар соҳибкоронро ҷалб кунанд.
Дар зимн Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар шароити камзаминии ҷумҳурӣ дар оянда мактабу кӯдакистонҳо низ бисёрошёна хоҳанд шуд. Ин ниҳод далели рӯй овардани мақомот ба бештар кардани ошёнаҳои кӯдакистону мактабҳоро ба камбуди замин рабт дод.